Тақвим

 Янв   Феврал 2017   Март

ЯДСЧПҶШ
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728 
VC Funding Resources
Обу Ҳаво







АСОСӢ arrow АСОСӢ

Нишасти матбуотӣ дар кумита

Имруз, 4 августи соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП – 1729 нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти  Кумита дар нимсолаи якуми соли 2016  баргузор гардид.

Дар нишаст аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим маълумоти комил оид ба ҷараёни беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ , идоракунии самараноки амволи давлатӣ , дастгирии ҳамаҷонибаи  соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки Кумита дар нимсолаи якуми соли 2016 фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати кишвар ба роҳ монда, ҷиҳати  ҷалби бештари сармоягузорӣ  ба иқтисодиёти мамлакат, рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи амволи давлатӣ  чораҳои мушаххасро амалӣ  намуд. 

Дар ин давра бо пешниҳоди Кумита 17 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд.

Аз ҷумла, қонунҳои нав – «Дар бораи сармоягузорӣ » ва “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” мавриди амал қарор дода шуданд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ  воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2016-ум 3 млрд. 590,1 млн. сомониро (456,3 млн. доллари ИМА) ташкил додааст, ки аз он 1 млрд. 738 млн. сомонӣ  (220,9 млн. доллари ИМА) сармоягузории мустақим мебошад.

Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 114 млн. сомонӣ (14,5 млн. доллари ИМА) ё 7 фоиз зиёд шудааст.

Кумита ҷиҳати дар солҳои 2016-2017 сохта ба истифода додани 20 корхонаи нави азими истеҳсолӣ дар мамлакат корбарӣ намуда истодааст, ки барои онҳо наздики 12 млрд. сомонӣ  (1,5 млрд. доллари ИМА) сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ  бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи 218 млн. доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна бо маблағи беш аз 150 млн. доллари амрикоӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз тарафи Ширкати Хуаксин Семент, корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ  бо маблағи 17,8 млн. доллари амрикоӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ҷониби Ширкати “Ху Чан Ғаюр Индастриал” ва корхонаҳои ғанигардонии маъдан (26,4 млн. доллари амрикоӣ ) ва металлургӣ бо маблағи 23,8 млн. доллари амрикоӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби ҶДММ «Пакрут».

Инчунин, имсол бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба истифода додани 7 корхонаи истеҳсолии дигар ба маблағи умумии 688 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон Кумита бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ » ҳамкориро бо 11 ширкатҳои хориҷӣ  ба роҳ монда, як қатор лоиҳаи созишномаҳои сармоягузориро таҳия намуда истодааст, ки айни замон онҳо мавриди баррасии мақомотҳои марбутаи давлатӣ қарор доранд.

Кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманди доираи соҳибкорони ватанӣ бо шарикони хориҷӣ Бизнес-Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистонро бо соҳибкорони давлатҳои Туркманистон, Корея, Олмон, Туркия ва Хитой баргузор намуд.

Лоиҳаҳои амалкунанда соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии кишварро фаро гирифта, дар таркиби онҳо маблағҳои қарзӣ – 49,1%, маблағҳои грантӣ – 44,0%, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5,2% ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми ширкатҳои давлатии ҷумҳурӣ ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ , ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғ., – 1,7%, мебошад. 

Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар соли 2016-ум (ба ҳолати 1-уми июл) 1,7 млрд. сомонӣ  (213,8 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст, ки ин дар маҷмўъ ба 80%-и нақшаи молиявии нимсола ё 42%-и нақшаи молиявии солонаи лоиҳаҳо баробар аст..

Бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ  дар ҳамбастагӣ  бо мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ бо шарикони рушд ҷиҳати амалисозии 10 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ 14 созишномаи нав бо маблағи умумии 133,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8 созишнома ва 9,5 млн. доллари ИМА зиёд мебошад. Аз маблағи умумии созишномаҳои мазкур 93,3 млн. доллари ИМА ё 70% қарзҳои имтиёзнок ва 39,7 млн. доллари ИМА ё 30% маблағҳои грантӣ мебошанд.   

Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби Кумита ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.  

Дар ин давра баҳри таъмини истифодаи самараноку мақсадноки амволи давлатӣ бо қарорҳои дахлдори Кумита 1023 адад воситаҳои асосии давлатӣ ба маблағи умумии 12,2 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни дигар мақомот ва корхонаю ташкилотҳои давлатӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин, намояндагони Кумита дар ҷаласаҳои гуруҳи кории байниидоравӣ барои таҳлили пешниҳодҳо оид ба тендерҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳакашӣ , харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” иштирок намудаанд.

Аз ҷониби гуруҳи корӣ дар мувофиқа бо Мушовирон корҳо оид ба лоиҳакашӣ , харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба 4 лоти асосӣ (таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоти электромеханикӣ , сохтмони садди асосӣ , сохтмони иншооти соҳили рост ва сохтмони иншооти соҳили чап) ҷудо карда шуданд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҷойгиркунии корхонаю ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ бинобар сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои кўчонидани корхонаю ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ба дигар биноҳои давлатӣ бо пешниҳоди Кумита 4 адад фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд.

Дар асоси қабули санадҳои мазкур масъалаҳои кўчонидани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказӣ ва корхонаю ташкилотҳои тобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилотҳои тобеи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» ҳал карда шудаанд.

Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 38,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2015  29,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.    

Ҷиҳати иҷрои пурраи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ » ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо ҳиссаҳои давлат мавҷуд мебошанд, чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа, тибқи қарорҳои маҷлисҳои умумии солонаи саҳмдорон суди саҳмияҳои давлатӣ ба маблағи умумии 1 311 566 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

          Бо мақсади ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ ва рушди фаъолияти шўроҳои нозирон дар ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуде, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо ҳиссаҳои давлатӣ вуҷуд доранд, то имрўз дар 43 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат мебошад, шўроҳои нозирон таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, аз соли 2012 то ба ҳолати 1 июли соли 2016 аз объектҳои мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ 45 адад дар тендерҳои сармоягузорӣ фурўхта шудаанд. Тибқи шартномаҳои хариду фурўши иншоотҳои мазкур ғолибони тендерҳо уҳдадор гардидаанд, ки ба маблағи 126,4 миллион сомонӣ ба воситаҳои асосии объект ва рушди истеҳсолии корхона сармоягузорӣ карда, ба миқдори 1065 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд. То имрўз аз ҷониби ғолибони тендерҳои сармоягузорӣ тибқи шартномаҳои хариду фурўш ба маблағи зиёда аз 10,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ворид гардида, шумораи кормандон нисбат ба давраи пеш аз хусусигардонӣ ба миқдори 215 нафар зиёд карда шудаанд.

Ба ҳолати 1 июли соли 2016 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 18,61 млн. сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст, ки 74,3 фоизи нақшаи пешбинигардидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-умро  ташкил медиҳад.

Воридоти маблағ дар нимсолаи якуми соли 2016 ба буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 42,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ дар 142 субъекти хоҷагидори соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ санҷиши ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 1305 адад воситаҳои асосие, ки дар тавозуни корхонаҳо ба қайд гирифта нашуда буданд, ошкор гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ 1266 адади онҳо ба маблағи 2,8 млн. сомонӣ ба тавозуни корхонаю ташкилотҳо даромад карда шуданд.

Кумита ҷиҳати тақвият бахшидан ба равандҳои рушди соҳибкорӣ , беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ як қатор корҳои судмандро ба сомон расонидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ аз рўи принсипи “Равзанаи ягона” ба ҳолати 1 июли соли 2016 дар миқёси ҷумҳурӣ 284 402 адад субъекти соҳибкорӣ фаъолияткунанда бақайд гирифташудааст, ки ин нишондод нисбат аз ҳамин давраи соли 2015, 19025  адад ва ё 7,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар миқёси ҷумҳурӣ  164 164 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дорои Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин мебошанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 10224  адад ва ё 6,6 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ миқдори хоҷагиҳои деҳқонии дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бақайдгирифташуда нисбат ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонии дар «Равзанаи ягона»-и Кумитаи андоз бақайдгирифташуда 33 956 адад ва ё  26,1 фоиз, аз зиёд мебошад.

Кумита муколамаи давлат бо бахши хусусиро ҳамчун маҳаки асосии фаъолияти худ дониста, мунтазам онро такмил ва амалӣ менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда, ки дар чунин шароити номусоиди буҳрони молиявӣ раванди соҳибкориро дар кишвар душвор менамоянд, бо ҷалби роҳбарони якуми вазорату идораҳо таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода, вохуриҳо бо соҳибкорон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин давра мизҳои мудаввар дар мавзуҳои “Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ ”, “оид ба муаррифӣ намудани ислоҳоти таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда” баргузор гардид.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда имрўзҳо дар зиёда аз 40 шаҳру ноҳияи мамлакат шуроҳои машвратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис ва фаъолият доранд.

Ҳамзамон, санаи 8 июни соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки бахши хусусӣ , мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд мизи мудаввар оид ба муаррифии ислоҳоти таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми октябр «Рўзи соҳибкор» эълон гардида, се соли охир мулоқоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамзамон дар ҳошияи омодагӣ ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили “Рўзи соҳибкор” як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти “Хатлон-2016” баргузор гардида, Кумита ҷаҳд ба он дорад, ки Конфронси илмӣ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ ” ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016-ро дар нимаи дуюми соли 2016 дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намояд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2016 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ , тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 4 085,5 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ  маҷмўан тавассути Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 лоиҳа ба маблағи 105,9 млн.сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 416 адад иншоотҳои гуногун бунёд гардида, беш аз 5520 нафар бо ҷойҳои нави корӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ  ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузории низоми иҷозатдиҳӣ мониторинги Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ” гузаронида шуда, ахбороти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Инчунин, лоиҳаи Тартиби ташкил ва гузаронидани мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2016, №76 қабул карда шуд.

Бо мақсади тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ , Низоми ягонаи электронии ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи пилотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки ифтитоҳи расмии он 2 июни соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ” тибқи тартиби муқараргардида таҳия гардид, ки он дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Кумита тибқи банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 бармеоянд ва банди 12 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 таҳлили қонунгузории низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолиятро гузаронид, дар натиҷа лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти иҷозатномадиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои баррасии минбаъда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Татбиқ ва амалӣ кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ” самти дигари фаъолияти Кумита мебошад.

Раиси Кумита Қодири Қосим ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ  ва хусусӣ  дар мавриди сармоягузорӣ , хусусигардонии амволи давлатӣ  ва рушди соҳибкорӣ  дар ҷумҳурӣ  ҷавобҳои муфассал дод.

 
САТРИ АХБОРОТ
Форуми соҳибкории ҷавонон
17 январ дар шаҳри Душанбе бо назардошти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои таҷлили Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳамовозӣ ба паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомал}
Имрӯз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори Кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ - Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Муфассал...
 
Муаррифии Қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”
20 декабри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсия байналмилалии молиявӣ (IFS) бо иштироки соҳибкорон ва намояндаҳои ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2016
10 декабри   соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2016 ва вазифаҳо барои  соли 2017”доир гардид.
Муфассал...
 
Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
9 декабр  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумита ва ширкати Ашмани Групп – Ав Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Муфассал...
 
Рушди соҳибкории занон
8 декабри соли 2016 Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид
Муфассал...
 
Конфронси ҳамкориҳои Федератсияи Россия ва Тоҷикистон
1 декабр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси панҷуми ҳамкориҳои байниминтақавии Федератсияи Россияву Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳалли проблемаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикис
Чанд  руз қабл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳалли проблемаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси Кумита ва соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони самти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиш&
26 ноябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ташрифи ҳайати созмонҳои хайриявӣ
24 октябри соли ҷорӣ ҳайати созмонҳои хайриявии Давлати Кувайт бо роҳбари Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Муфассал...
 
Форуми иқтисодии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб
21 октябри соли 2016 дар Китобхонаи миллӣ Форуми иқтисодии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ мегардад.
Муфассал...
 
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара
17 октябри  соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нумоҳи соли 2016 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2016”доир гардид.
Муфассал...
 
Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016
14 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷаласаи шашуми Шӯро
11  октябри соли 2016 дар бинои Китобхонаи милли Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи шашуми Шӯро  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Забони тоҷикӣ - нигаҳбони ҳастии миллат!
5 октябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад таҳти унвони “Забони тоҷикӣ-нигаҳбони ҳастии миллат!” бахшида ба иди миллӣ - Рӯзи забони давлатӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Варзиш - гарави ташаккули ҷисмониву маънавии инсон
29 сентябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад  таҳти унвони “Варзиш - гарави ташаккули ҷисмониву маънавии инсон”доир гардид.
Муфассал...
 
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
6 сентябр соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садои гимни кишвар доир гардид.
Муфассал...
 
Кўмак Кумита ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим
Мутобиқи банди 14 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016, №10 оид ба расонидани кўмакҳои моддӣ дар арафаи рузҳои ид ба қисмҳои ҳарбӣ, ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда ва қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 31 августи соли 2016, №83 Кумита иқдом гирифт, ки ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон кўмаки моддӣ расонад.
Муфассал...
 
Созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой
Санаи 3 сентябри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимхзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» доир гардид.
Муфассал...
 
Варақаи матбуотӣ
Рӯзи 18  августи соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи панҷуми Шӯро  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди
5 август  дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Нишасти матбуотӣ дар кумита
Имруз, 4 августи соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП – 1729 нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти  Кумита дар нимсолаи якуми соли 2016 баргузор гардид.
Муфассал...
 
Конфронс дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди со
5 август дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор мегардад.
Муфассал...
 
Форуми соҳибкорони мамлакат
22 июли соли 2016   дар шаҳри Кўлоб  Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти Хатлон-2016 баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷамбасти нимсолаи аввали соли 2016
14 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016”доир гардид.
Муфассал...
 
Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ
24 июни соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ  доир гардид. Дар назди ҳозирин Муовини якуми Раиси Кумита Абдумаҷид  Муминзод баромад кард.
Муфассал...
 
Муаррифии «Дастури методӣ»
22 июн дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар дар мавзуи: «Баррасии лоиҳаи Дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, кафолат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон» баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ
21 июн дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси Кумита муҳтарам Қодири Қосим бо Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Федеральный центр проектного финансирования”- и Федератсияи Россия Михаил Девятов вохурӣ баргузор намуд
Муфассал...
 
Муаррифии ислоҳотҳо ва натиҷаҳои ҷаласа
8 июни соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳо ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии бахши хусусӣ
31 майи соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии бахши хусусӣ  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои и&
2 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муфассал...
 
Заминаи ҳуқуқи дар самти истифодаи захираҳои табиӣ
24 маи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Заминаи ҳуқуқӣ дар самти истифодаи захираҳои табиӣ» баргузор гардид.Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар бахши саноати куҳӣ иборат буд.
Муфассал...
 
Дави миллӣ - тақлидгари тарзи ҳаёти солим
28 марти соли 2007 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рўзи дави миллӣ» ба тасвиб расид ва ҳамагон шоҳиданд, ки дар дави нахустин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд ва иштироки онҳо байни мардуми кишвар ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо кард.
Муфассал...
 
Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи омӯзишро бо м
10 май муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверc-Картер барномаи омӯзишро бо мақсади мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, ки мансабдорони давлатии зинаи миёнаро зери ҳадаф қарор медиҳад, оғоз бахшиданд.
Муфассал...
 
Машварат бо саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун»
27 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “НБО “Роғун” маљлиси машваратӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Нақши соҳибкории занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
22 апрел Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи соҳибкории инноватсионию технологии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии сохтори “СММ-Занон” дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Нақши соҳибкории занон дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи «Шератон»-и мизи мудаввар баргузор намуд.
Муфассал...
 
Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амор
21 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
19 апрел дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016   баргузор гардид. Дар кори он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид  ширкат намуд.
Муфассал...
 
Натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якум
13 апрел дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид. Ҷаласаро Раиси Кумита, муҳтарам Қодири Қосим ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи М
7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба мушкилот ва дурнамои инкишоф» доир гардид.
Муфассал...
 
Мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон
1 апрели соли 2016 дар Меҳмонхонаи “Душанбе серена” мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ дуҷонибаи, маркетинг ва сармоягузорӣ” баргузор гардид.
Муфассал...
 
Муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги Шарикии глобалӣ дар Тоҷикистон
31 марти соли 2016  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ (КДСИАД) Мизи мудаввари бахшида ба муҳокимаи натиҷаҳои даври дуюми мониторинги Шарикии глобалӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Муфассал...
 
Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Корея
30 марти соли ҷорӣ  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея мебошад.
Муфассал...
 
Мулоқоти Қодири Қосимбо бизнес-ҳайати Ҳиндустон
29 марти соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бизнес-ҳайати Ҳиндустонро ба  ҳузур пазируфт.
Муфассал...
 
Таҷлили тантанавии Наврўз
18 марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди Наврўз баргузор гардид.
Муфассал...
 
Сохтмони хати интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
19 марти соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи чоруми ғайринавбатии Шўро баргузор гардид
Муфассал...
 
Курсҳои бозомузӣ дар кумита
11 марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии курсҳои бозомӯзии дохилӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
11 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон мебошад.
Муфассал...
 
Ҷашни рўзи модар дар кумита
7-уми март дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Раиси Кумита Қодири Қосим тамоми занону модаронро бо Рӯзи Модар табрик намуд.
Муфассал...
 
Мулоқоти Қодири Қосим бо соҳибкорони водии Рашт
3 марти соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Нуробод мулоқот бо соҳибкорони навоҳии водии Рашт доир гардид. Мулоқотро Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дустзода оғоз намуд.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва навоҳии Фа
2 марти соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат мулоқот бо соҳибкорони  шаҳри Ваҳдат, Роғун ва  навоҳии Файзободу Варзобу  баргузор шуд. Мулоқотро, ки бо иштироки васеи соҳибкорон  ҷараён гирифт, Раиси шаҳри Ваҳдат Рахмоналӣ Амирзода ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
Шанбегӣ дар кумита
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар кишвар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои умуми миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 20 ва 27 феврал, рўзҳои 5, 12 ва 19 марти соли ҷорӣ, инчунин дар рўзҳои шанбеи қабл аз ҷашнгирии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор мегардад.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони вилояти Суғд
26 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо соҳибкорони вилоят баргузор шуд. Мулоқотро, ки бо иштироки васеи соҳибкорони вилоят ҷараён гирифт, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон
19 феврали соли 2016 дар шаҳри Қурғонтеппа мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон доир гардид. Мулоқотро Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатшо Гулмаҳмадзода кушод.
Муфассал...
 
Рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда
13 феврал дар шаҳри Турсунзода вохӯрӣ бо соҳибкорони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридот-ивазкунанда доир гардид.
Муфассал...
 
Нишасти матбуотӣ
Дар таърихи 3 феврал  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2015 доир гардид
Муфассал...
 
Баланд бардоштани иқтидори кормандони агентиҳои миллӣ ва шарикони рушд оид ба навсозии НИИКБ
Моҳи январи соли равон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД) бо кӯмаки лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ҳамоҳангсозии устувори кӯмаки беруна ва ҳамкории самаранок барои рушд» (SACEC) бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони масъули агентиҳои миллӣ ва шарикони рушд оид ба ....
Муфассал...
 
Мониторинги Шарикии глобалӣ оид ба ҳамкории самаранок баҳри рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарикии глобалӣ оид ба ҳамкории самаранок баҳри рушд дар (ШГҲСР) ба мусоидат ва мониторинги татбиқи ўҳдадориҳои мутобиқи Созишномаи Бусан дар бораи шарикӣ ба зимма гирифташуда, аз ҷумла муроқибати «корҳои ба итмом нарасидаи» Эъломияи Париж равона гардидааст.
Муфассал...
 
Ҷаласаи якуми Гуруҳи кори доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноат
Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – 30 январи соли 2016 барои иштирок дар ҷаласаи якуми Гуруҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия сафар намуд.
Муфассал...
 
Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ
Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.
Муфассал...
 
Ҷаласи навбатии комиссияи давлатӣ
22 январ дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Имрўз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори Кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ - Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Муфассал...
 
Навсозии ҳарсолаи Низоми иттилоотии идоракунии кўмаки беруна
Бо мактуби Раиси КДСИАД аз 3 декабри соли 2015 ба унвони шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдор, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷараёни навсозии Низоми иттилоотии идоракунии кўмаки беруна (НИИКБ) барои соли 2015 ҳусни оғоз бахшида шуд.
Муфассал...
 
Бойгони ахборот
2009
2010
2011
2012
2013
2014
2015