Тақвим

 Янв   Феврал 2017   Март

ЯДСЧПҶШ
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
262728 
ASIC Resources
Обу Ҳаво







АСОСӢ arrow АСОСӢ

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

 6 сентябр соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садои гимни кишвар доир гардид.

Описание: C:\Users\Admin\Desktop\ИСТИКЛОЛИЯТ\IMG_1036.JPG

 

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим  оид ба таъриху давлатдори тоҷикон, роҳи тайкардаи миллат, таърихи 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳи пойдору ваҳдати ногусастании  мардуми Тоҷикистон ва пешрафти бемайлони иқтисодиёти кишвар дар назди ҳозирин ботафсил сухан ронд.

Кодири Қосим аз ҷумла қайд намуд, ки биступанҷ сол қабл миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас - истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани  оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Биступанҷ сол дар муқоиса бо таърихи гузаштаи миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон фосилаи чандон тӯлонӣ нест, вале дар ин давра дар сарнавишти миллат, тақдири давлат ва роҳи тараққиёти он дигаргуниву таҳаввулоти азиме ба амал омаданд.

Бисту панҷ сол аз нигоҳи таърих  онқадар вақти тӯлонӣ нест. Вале дар ин муддати кӯтоҳ дар мамлакат дигаргуниҳои куллие ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар гузашта танҳо ормон буданду бас. Нисбати корҳои ба субутрасидаи созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат чи қадаре нагӯем кам аст.Ҳоло ман танҳо мавриди  баъзе нишондиҳандаҳо муқоисавии молиявӣ ва иқтисодие, ки ки ба мо ва самти фаъолияти Кумита ҳамбастагӣ дорад, дахл карданиам.

Описание: C:\Users\Admin\Desktop\ИСТИКЛОЛИЯТ\IMG_1022.JPG

 

Соли 2015-ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48  миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.

Соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб

Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (300 мегаватт)ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз шуд, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад.

Описание: C:\Users\Admin\Desktop\ИСТИКЛОЛИЯТ\IMG_1027.JPG

Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ба наздикӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода супорида шуд, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон таъмин гардид.

Имсол корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд.

Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Мувофиқи пешгӯии мутахассисон дар қаъри замини Тоҷикистон зиёда аз се триллион метри мукааб газ мавҷуд аст, ки ҷиҳати иктишофу истихроҷи он Ҳукумати мамлакат ҳоло ба чандин ширкатҳоии ватанию хориҷӣ иҷозатнома додааст.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои ангишт, ки онҳо зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, дар миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ин захираи азимро метавон барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ истифода бурд.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки рушди давлатдории навини миллии мо дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳои мухталиф сурат гирифта истодааст.

Дар чунин шароит бо ҳамдигар пайванди қавӣ додани муборизаву талошҳои гузаштагонамон дар роҳи расидан ба истиқлолият бо нерӯи созандаи насли нав ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии гузаштаву имрӯза барои мо масъалаи ҳаётӣ ва тақдирсоз мебошад.

Ба ин хотир, мо гиромидошти номи фарзандони фарзонаи миллатамонро, ки барои офаридани осори ҷовидона, афзун гардонидани хазинаи маънавии халқи куҳанбунёди мо ва умуман тамаддуни башарӣ хизматҳои бузурги таърихӣ кардаанд, вазифаи муқаддаси худ медонем.

Шукронаи истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз халқи мо барои риояи тамоми рукнҳои дини мубини ислом шароит ва имконияти заруриро доранд ва дар ин самт ягон монеа вуҷуд надорад.

Сарзамини бостонии тоҷикон, ки дорои тамаддуни чандинҳазорсола мебошад, бузургмардони зиёдро ба дунё овардааст. Аксари онҳо дар осори бебаҳояшон ҷавҳари илму фарҳанги замони худро хулоса карда, имрӯз ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд.

Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти муҳими байналмилалӣ дорад.

Таърих аломаю нобиѓа ва родмардонеро медонад, ки ба миллату халқашон хизмати арзанда, дар мушкилию тангдастӣ пуштибонию раҳнамоӣ кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз шумули онҳост. Иқрор бояд шуд, ки бидуни пуштибонию раҳнамоии эшон арзи ҳастӣ намудани истиқлолияту ваҳдат дар Тоҷикистон амри маҳол буд.

Аз ин лиҳоз, вазъи кунунии сиёсӣ  далолат бар он дорад, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем, дар атрофии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардида, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарқи амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохта, дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузорем, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Описание: C:\Users\Admin\Desktop\ИСТИКЛОЛИЯТ\IMG_1040.JPG

Дар охири ҷамъомад чанд нафар кормандон,ки дар пешбурди муттассилили Кумита саҳми арзанда доранд, бо ифтихорномаҳои  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

 
САТРИ АХБОРОТ
Форуми соҳибкории ҷавонон
17 январ дар шаҳри Душанбе бо назардошти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои таҷлили Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳамовозӣ ба паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомал}
Имрӯз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори Кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ - Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Муфассал...
 
Муаррифии Қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”
20 декабри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсия байналмилалии молиявӣ (IFS) бо иштироки соҳибкорон ва намояндаҳои ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2016
10 декабри   соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2016 ва вазифаҳо барои  соли 2017”доир гардид.
Муфассал...
 
Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
9 декабр  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумита ва ширкати Ашмани Групп – Ав Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Муфассал...
 
Рушди соҳибкории занон
8 декабри соли 2016 Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Гуруҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид
Муфассал...
 
Конфронси ҳамкориҳои Федератсияи Россия ва Тоҷикистон
1 декабр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси панҷуми ҳамкориҳои байниминтақавии Федератсияи Россияву Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳалли проблемаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикис
Чанд  руз қабл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳалли проблемаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси Кумита ва соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони самти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиш&
26 ноябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ташрифи ҳайати созмонҳои хайриявӣ
24 октябри соли ҷорӣ ҳайати созмонҳои хайриявии Давлати Кувайт бо роҳбари Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Муфассал...
 
Форуми иқтисодии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб
21 октябри соли 2016 дар Китобхонаи миллӣ Форуми иқтисодии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ мегардад.
Муфассал...
 
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара
17 октябри  соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нумоҳи соли 2016 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2016”доир гардид.
Муфассал...
 
Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016
14 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷаласаи шашуми Шӯро
11  октябри соли 2016 дар бинои Китобхонаи милли Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи шашуми Шӯро  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Забони тоҷикӣ - нигаҳбони ҳастии миллат!
5 октябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад таҳти унвони “Забони тоҷикӣ-нигаҳбони ҳастии миллат!” бахшида ба иди миллӣ - Рӯзи забони давлатӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Варзиш - гарави ташаккули ҷисмониву маънавии инсон
29 сентябри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад  таҳти унвони “Варзиш - гарави ташаккули ҷисмониву маънавии инсон”доир гардид.
Муфассал...
 
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
6 сентябр соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садои гимни кишвар доир гардид.
Муфассал...
 
Кўмак Кумита ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим
Мутобиқи банди 14 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016, №10 оид ба расонидани кўмакҳои моддӣ дар арафаи рузҳои ид ба қисмҳои ҳарбӣ, ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда ва қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 31 августи соли 2016, №83 Кумита иқдом гирифт, ки ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон кўмаки моддӣ расонад.
Муфассал...
 
Созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой
Санаи 3 сентябри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимхзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» доир гардид.
Муфассал...
 
Варақаи матбуотӣ
Рӯзи 18  августи соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи панҷуми Шӯро  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди
5 август  дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Нишасти матбуотӣ дар кумита
Имруз, 4 августи соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП – 1729 нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти  Кумита дар нимсолаи якуми соли 2016 баргузор гардид.
Муфассал...
 
Конфронс дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди со
5 август дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор мегардад.
Муфассал...
 
Форуми соҳибкорони мамлакат
22 июли соли 2016   дар шаҳри Кўлоб  Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти Хатлон-2016 баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҷамбасти нимсолаи аввали соли 2016
14 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016”доир гардид.
Муфассал...
 
Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ
24 июни соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ  доир гардид. Дар назди ҳозирин Муовини якуми Раиси Кумита Абдумаҷид  Муминзод баромад кард.
Муфассал...
 
Муаррифии «Дастури методӣ»
22 июн дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар дар мавзуи: «Баррасии лоиҳаи Дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, кафолат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон» баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ
21 июн дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси Кумита муҳтарам Қодири Қосим бо Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Федеральный центр проектного финансирования”- и Федератсияи Россия Михаил Девятов вохурӣ баргузор намуд
Муфассал...
 
Муаррифии ислоҳотҳо ва натиҷаҳои ҷаласа
8 июни соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳо ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии бахши хусусӣ
31 майи соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии бахши хусусӣ  баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои и&
2 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муфассал...
 
Заминаи ҳуқуқи дар самти истифодаи захираҳои табиӣ
24 маи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Шератон» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Заминаи ҳуқуқӣ дар самти истифодаи захираҳои табиӣ» баргузор гардид.Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар бахши саноати куҳӣ иборат буд.
Муфассал...
 
Дави миллӣ - тақлидгари тарзи ҳаёти солим
28 марти соли 2007 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рўзи дави миллӣ» ба тасвиб расид ва ҳамагон шоҳиданд, ки дар дави нахустин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд ва иштироки онҳо байни мардуми кишвар ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо кард.
Муфассал...
 
Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи омӯзишро бо м
10 май муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверc-Картер барномаи омӯзишро бо мақсади мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, ки мансабдорони давлатии зинаи миёнаро зери ҳадаф қарор медиҳад, оғоз бахшиданд.
Муфассал...
 
Машварат бо саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун»
27 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “НБО “Роғун” маљлиси машваратӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Нақши соҳибкории занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
22 апрел Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи соҳибкории инноватсионию технологии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии сохтори “СММ-Занон” дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Нақши соҳибкории занон дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи «Шератон»-и мизи мудаввар баргузор намуд.
Муфассал...
 
Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амор
21 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
19 апрел дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016   баргузор гардид. Дар кори он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид  ширкат намуд.
Муфассал...
 
Натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якум
13 апрел дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид. Ҷаласаро Раиси Кумита, муҳтарам Қодири Қосим ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи М
7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба мушкилот ва дурнамои инкишоф» доир гардид.
Муфассал...
 
Мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон
1 апрели соли 2016 дар Меҳмонхонаи “Душанбе серена” мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ дуҷонибаи, маркетинг ва сармоягузорӣ” баргузор гардид.
Муфассал...
 
Муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги Шарикии глобалӣ дар Тоҷикистон
31 марти соли 2016  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ (КДСИАД) Мизи мудаввари бахшида ба муҳокимаи натиҷаҳои даври дуюми мониторинги Шарикии глобалӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Муфассал...
 
Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Корея
30 марти соли ҷорӣ  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея мебошад.
Муфассал...
 
Мулоқоти Қодири Қосимбо бизнес-ҳайати Ҳиндустон
29 марти соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бизнес-ҳайати Ҳиндустонро ба  ҳузур пазируфт.
Муфассал...
 
Таҷлили тантанавии Наврўз
18 марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди Наврўз баргузор гардид.
Муфассал...
 
Сохтмони хати интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
19 марти соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи чоруми ғайринавбатии Шўро баргузор гардид
Муфассал...
 
Курсҳои бозомузӣ дар кумита
11 марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии курсҳои бозомӯзии дохилӣ доир гардид.
Муфассал...
 
Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
11 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон мебошад.
Муфассал...
 
Ҷашни рўзи модар дар кумита
7-уми март дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Раиси Кумита Қодири Қосим тамоми занону модаронро бо Рӯзи Модар табрик намуд.
Муфассал...
 
Мулоқоти Қодири Қосим бо соҳибкорони водии Рашт
3 марти соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Нуробод мулоқот бо соҳибкорони навоҳии водии Рашт доир гардид. Мулоқотро Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дустзода оғоз намуд.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва навоҳии Фа
2 марти соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат мулоқот бо соҳибкорони  шаҳри Ваҳдат, Роғун ва  навоҳии Файзободу Варзобу  баргузор шуд. Мулоқотро, ки бо иштироки васеи соҳибкорон  ҷараён гирифт, Раиси шаҳри Ваҳдат Рахмоналӣ Амирзода ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
Шанбегӣ дар кумита
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар кишвар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои умуми миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 20 ва 27 феврал, рўзҳои 5, 12 ва 19 марти соли ҷорӣ, инчунин дар рўзҳои шанбеи қабл аз ҷашнгирии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор мегардад.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони вилояти Суғд
26 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо соҳибкорони вилоят баргузор шуд. Мулоқотро, ки бо иштироки васеи соҳибкорони вилоят ҷараён гирифт, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуд.
Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон
19 феврали соли 2016 дар шаҳри Қурғонтеппа мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон доир гардид. Мулоқотро Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатшо Гулмаҳмадзода кушод.
Муфассал...
 
Рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда
13 феврал дар шаҳри Турсунзода вохӯрӣ бо соҳибкорони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридот-ивазкунанда доир гардид.
Муфассал...
 
Нишасти матбуотӣ
Дар таърихи 3 феврал  дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2015 доир гардид
Муфассал...
 
Баланд бардоштани иқтидори кормандони агентиҳои миллӣ ва шарикони рушд оид ба навсозии НИИКБ
Моҳи январи соли равон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД) бо кӯмаки лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ҳамоҳангсозии устувори кӯмаки беруна ва ҳамкории самаранок барои рушд» (SACEC) бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони масъули агентиҳои миллӣ ва шарикони рушд оид ба ....
Муфассал...
 
Мониторинги Шарикии глобалӣ оид ба ҳамкории самаранок баҳри рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарикии глобалӣ оид ба ҳамкории самаранок баҳри рушд дар (ШГҲСР) ба мусоидат ва мониторинги татбиқи ўҳдадориҳои мутобиқи Созишномаи Бусан дар бораи шарикӣ ба зимма гирифташуда, аз ҷумла муроқибати «корҳои ба итмом нарасидаи» Эъломияи Париж равона гардидааст.
Муфассал...
 
Ҷаласаи якуми Гуруҳи кори доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноат
Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – 30 январи соли 2016 барои иштирок дар ҷаласаи якуми Гуруҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия сафар намуд.
Муфассал...
 
Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ
Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.
Муфассал...
 
Ҷаласи навбатии комиссияи давлатӣ
22 январ дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Муфассал...
 
Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Имрўз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори Кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ - Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Муфассал...
 
Навсозии ҳарсолаи Низоми иттилоотии идоракунии кўмаки беруна
Бо мактуби Раиси КДСИАД аз 3 декабри соли 2015 ба унвони шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдор, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷараёни навсозии Низоми иттилоотии идоракунии кўмаки беруна (НИИКБ) барои соли 2015 ҳусни оғоз бахшида шуд.
Муфассал...
 
Бойгони ахборот
2009
2010
2011
2012
2013
2014
2015